Оё ин саҳифа барои Шумо баракат аст?



Results

Барои чи хизмат барои кӯдакон муҳим аст?

Павлуси хаворӣ дар китоби Румиён 1,16 эълон мекунад ки Инҷил “ қуввати
Худост барои наҷоти ҳар як имондор”. Фармони охиринӣ Исои Масеҳ барои
мо ин буд: «Ба тамоми олам биравед ва Инҷилро ба ҳамаи махлуқот
мавъиза кунед». (Марқус 16,15)

1. Аввалин ва муҳимтарин сабабӣ хизмат барои кӯдакон ин Фармони
Бузурги Худованд Исо мебошад. Масеҳиён наметавонанд ба фармонҳои Ӯ
беаҳамият бошанд ё онҳоро риоя накунанд. Худованд Исо мехоҳад ки
кӯдакон ба наздаш оянд (Марқус 10,14; Матто 18,14). Маънои башоратдиҳии
Навиштаҳо ин аст, ки мо бояд ба ҳама одамон башорат диҳем, ҳамчунин ба
кӯдакон.

2. Кӯдакон мӯҳтоҷиҳои рӯҳонӣ доранд. Бе Худованд Исо онҳо рӯҳонӣ мурда
ҳастанд. Онҳо гуноҳкоранд ва бояд ба Худованд Исо бовар кунанд.

3. Кӯдакон бо дилҳои соддаи худ метавонанд ба Хабари Хуш ҷавоб диҳанд.
Пет Вербал муаллифӣ (автор) кӯдакон ва мушовирӣ (консултант) Тӯри
Байналҳалқии Хизмат барои кӯдакон (International Network of Children’s
Ministry-INCM) мегӯяд, ки 75-85% масеҳиёни имрӯза дар синнӣ то 15 сола
ба Масеҳ имон оварданд.

4. Кӯдакон барои Башорат хеле кушода ҳастанд. Мувофиқи гурӯҳи
тадқиқоти Барн имконияти қабул кардани Масеҳ дар байни кӯдакон
баландтар нисбат ба наврасон ва калонсолон. Дар байни кӯдакони синнӣ 5-
13 сола имконияти қабул кардани Масеҳ 32% мебошад. Ин рақам то 4%
паст мешавад барои кӯдакони синнӣ 14-18 сола, ва ҳамаги 6% имконият
доранд ки имон оваранд дар давоми солҳои боқимондаи ҳаёташон.

5.Тамоми ҳаёти кӯдакон дар пеш аст. Хизмат ба кӯдакон - саҳми арзанда ба
оянда мебошад. Ҳозир аҳолии замин зиёда аз 6.000.000.000 кас мебошад.
Ақаллан сеяки аҳолӣ кӯдакон мебошанд, ва онҳо ояндаи калисо ва ояндаи
халқашон мебошанд. Кӯдаки наҷотёфта - ҳаёти пурра (бутуни) наҷотёфта
мебошад.

6. Бисёр вақт кӯдакон барои наҷоти дигарон асбоби Худо мебошанд.
Оилаҳо, аз он ҷумла волидайн, бобою биби ба воситаи шаҳодати оддии
кӯдак наҷот ёфта метавонанд. Дӯстон ҳам метавонанд ки пеши Масеҳ оянд.
Ҳамин тавр, кӯдакон барои калисои маҳалли метавонанд баракати калон
шаванд.

7. Кӯдакон дар таърихи калисои Масеҳи роли муҳимро бозиданд. Доктор
Мартин Лютер гуфт: “Агар Малакути Худо бояд бо қудрат ояд, мо бояд аз
кӯдакон сар кунем, мо бояд онҳоро аз гаҳвора таълим диҳем”. Чарлз
Сперҷен навишт: “Ба кӯдакон Инҷил лозим, тамоми Инҷил, Инҷили ҳақиқӣ,
онҳо бояд онро дошта бошанд ва агар Рӯҳи Худо онҳоро таълим диҳад,
онҳо метавонанд Ӯро мисли одами калон қабул кунанд”. Дин Стоун,
президенти пештараи INCM гуфта буд, ки хизмат ба кӯдакон - хизмати
муҳимтарини калисо мебошад... нишонаи хизмати аъло дар калисои
маҳалли саркардани кор бо кӯдакони ширмак мебошад ва бо ҳамин тариқ
меафзояд.

8. Кӯдакон ба онҳое ки атои Рӯҳулқуддусро доранд мӯҳтоҷанд. Ин хел
одамон метавонанд кӯдаконро таълим диҳанд ва ба онҳо башорат диҳанд.
Онҳо аз тарафи Худо интихоб шуданд. (Рум. 1,16)

9. Барои кӯдакон хизмат карда, мо Худоро ҷалол медиҳем. Хоҳиши
калонтарини ҳар шахси масеҳӣ, на фақат волидайн ё муаллим, Худоро
ҷалол додан мебошад. Вақте ки кӯдакон наҷот меёбанд ва дар Худованд
калон мешаванд, онҳо Худоро ҷалол медиҳанд! Худо чунин самарро
интизор аст! Хизмат барои кӯдакон барои ҷалоли Худо муҳим аст!

Чеслав Бассара ( This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it ; www.proword.eu)

James N. Spurgeon wrote:

'A job is at your choice; a ministry is at Christ's call. In a job you expect to receive; in a ministry you expect to give. In a job you give something to get something; in a ministry you return something that has already been given to you. A job depends on your abilities; a ministry depends on your availability to God. A job done well brings you praise; a ministry done well brings honour to Christ.'

This ministry is to bring honour to our Lord and Saviour Jesus Christ!

You can copy and use material of this site provided that you mention our ministry to the Father and you do not alter the content. You are also invited to tell your listeners or readers where you have got this material: www.proword.eu, which is Proclaiming the Word! (CEF International Bible Teaching Ministry).