Оё ин саҳифа барои Шумо баракат аст?



Results

Бетартиби дар ҳаёти мо, агар Худо дар ҷои якум набошад

Ирмиё 2, 1-37

Дар китоби Ирмиё се ҳикоя тасвир шудааст:

Ҳикояи якум дар бораи марди ҷавон, ки Ирмиё ном дорад. Ирмиё шахсе буд,
ки Худо ӯро барои вазифаи хеле мушкил интихоб кард.

Ҳикояи дуюм бо Исроил халқи интихобшуда вобастагӣ дорад. Баъд аз
солҳои зиёди роҳбарии худобехабарӣ ва бутпарастӣ Худо қарор кард, ки ин
бас (кифоя) аст. Ӯ ба Ирмиё вазифа дод ки ба ҳамаи яҳудиҳо хабари бадро
расонад, ки бобилиён онҳоро ба асирӣ мегиранд.
Ҳикояи сеюм бо Худи Худо вобастагӣ дорад. Падар бо дили шикаста нигоҳ
мекард, чи хел фарзандонаш исён мебардоштанд.
Вақте ки Худо дар ҳаётамон дар ҷои якум набошад ба ҳаёти мо бетартибӣ
дохил мешавад.
Ана чи рӯй дод бо Исроил, халқи баргузидаи (интихобшудаи) Худо. Онҳо бо
халқҳои дигар ва бутҳои онҳо хушомадгӯи карданд. Онҳо бо бутпарастон
никоҳ мекарданд. Онҳо фикр мекарданд, ки вазъият зери назораташон
мебошад, аммо баракс вазъият онҳоро назорат мекард.

Огоҳии 1 - Вақте ту чизеро ғайр аз стандарти (андоза) Худо интихоб мекунӣ,
ту дар роҳи ғеҷонак (лахжонак) сӯи бадбахтӣ ҳасти.

Ирмиё хеле сахт гуфт дар бораи кризиси Исроил:

“ зеро ки ту бар ҳар теппаи баланд ва зери ҳар дарахти сабз хобида, зино
кардӣ”. (Ирмиё 2, 20б).

 

Исроил фикр мекард, ки алафи ҳамсояаш сабзтар мебошад. Дере
нагузашта онҳо аллакай ба Баал ва бутҳои дигар саҷда мекарданд. Онҳо
фарзандонашонро пеши бутҳо қурбонӣ мекарданд. Ояти 28 мегӯяд, ки
шумораи худоёни онҳо баробари шумораи шаҳрҳои онҳо мебошад. Онҳо
дар шаҳваташон бадахлоқ буданд, онҳо дар коргузаронӣ бешарафона
рафтор мекарданд. Худо мегӯяд: “Бас аст” Аз аввал ин рафторашон
безарар тофт. Ин монанд ба бачаи шақшақамор: кадом вақт ӯ туро мегазад,
нафаҳмида мемони. Ана-мана нагуфта ӯ бар ту ғолиб меояд, ва ту дар
ҳаётат мушкилиҳои зиёд мебини. Чизеро ғайр аз стандарти Худо пайравӣ
кардан, метавонад барои ту роҳи ғеҷонак сӯи бадбахтӣ шавад.

Огоҳии 2 - Пайравӣ кардани роҳбарони худобехабар одамонро худобехабар
мекунад


Айнан исроилиён ин хел карданд. Онҳо роҳбаронро, ки худашон
худобехабар буданд, аммо аз халқ худотарсиро талаб мекарданд тоқат
мекарданд. “Коҳинон нагуфтанд:” Худованд куҷост?” Ва шариатдонон Маро
нашинохтанд, ва чӯпонон ба ман осӣ шуданд; ва анбиё ба исми Баал
нубуват карданд, ва аз қафои чизҳое рафтанд, ки фоида намебахшад.
(Ирмиё 2,8).
Исроил халқе буд, ки роҳбарони динии онҳо Худоро намекофтанд. Доварон
Худоро ва асосҳои аҳлоқу одобро намедонистанд. Подшоҳон зидди Худо
хеста ба ҷои Малакути Худо, подшоҳии худро месохтанд. Пайғамбарон на
аз Каломи Худо балки аз китоби Баал маъвиза (башорат) мекарданд. Вақте
ки мо роҳбарони худобехабарро пайрави мекунем, мо ҳам тез монанди онхо
зиндагӣ мекунем.

Огоҳии 3 - Ба ҷои Худо дар ҷои якум будан яъне ба ғалтидан тайёр шудан
аст.


Исроил қарор кард, ки роҳҳои вай аз роҳҳои Худо беҳтар мебошанд:

“Зеро ки қавми Ман ду кори бад карданд:
Маро, ки чашмаи оби ҳаёт ҳастам, тарк карда,
барои худ сардобаҳо канданд,
сардобаҳои кафидае ки наметавонад обро нигоҳ дорад”.
(Ирмиё 2, 13).

Исроил метавонист, ки дорандаи сардобаҳои обҳои равони салқин бошад.
Аммо онҳо ба оби гандида (застоявшаяся) ва чиркин аз сардобаҳои кафида
қаноат карданд. Исроил мехост ки бо роҳҳои худ равад ва хосташро иҷро
кунад.
Ба ҷои Худо дар ҷои якум будан, яъне ба ғалтидан тайёр шудан мебошад.

Огоҳии 4 - Беаҳамиятӣ нисбат ба тавба одамро сангдил мекунад.


Исроил ноҳақ буданашро инкор кард ва бадкории худро эътироф накард.
Дар натиҷа онҳо сангдил шуда ҳаёти беитоатиро давом доданд. Ба сабаби
он, ки халқаш Наздаш наомад, Худо онҳоро аз ҷояшон ронд,

“зеро ки пуштро ба Ман гардонданд, ва на рӯйро”. (Ирмиё 2.27б).

Оқибати бадкориҳои онҳо чи шуд? Боби 37 ба мо мегӯяд, ки Худо иҷозат
дод ки сардорони халқи Бобил зидди Исроил бароянд. Онҳо шаҳрро
муҳосира карда, дар охир ба даруни он дохил шуданд. Подшоҳи Яҳудӣ
барои беитоатии худ ба асирӣ гирифта шуд. Ӯро маҷбур карданд ки ба
қатли кӯдаконаш нигоҳ кунад. Чашмонашро кофта, ӯро занҷирбанд карданд
ва то ба охири умраш ба зиндон партофтанд. Қасри Иерусалим сӯхта
хокистар шуд. Ҳосил сӯзонида шуд. Оилаҳо нест карда шуданд. Аксарияти
халқ ба асирӣ ба Бобил барои ғуломӣ бурда шуд.

Огоҳии 5 - Гуноҳ оқибатҳо дорад.


Оқибатҳо мумкин тез, пагоҳ ё ҳафтаи дигар пайдо нашаванд, лекин гуноҳ
албатта оқибат дорад.

“ пас, бидон ва бубин, ки чӣ гуна бад ва талх аст он ки ту Худованд Худои
худро тарк кардаӣ” (Ирмиё 2,19 б).

Эҳтимол мо дар васваса буда фикр кунем, ба сабаби он ки ҳеҷ каси мо
комил нестем, ҳамаи мо гирифтори касалии аҳлоқӣ (рӯҳонӣ) мебошем, ки
Китоби Муқаддас онро “гуноҳ” меномад, ва ба сабаби он ки Худо - Худои
меҳрубон аст, ҳамаи ин аҳамияти калон надорад. Ӯ ба камбудиҳои ночизи
мо аҳамият намедиҳад. Афсӯс, лекин ваъзият мушкилтар мебошад аз он, ки
мо онро тасаввур карда метавонем. Ҳатто агар Худо моро сахт дӯст дорад
ҳам, қудсият ва адолатии Ӯ ин хел ҳастанд ки Ӯ бо бадӣ якҷоя буда
наметавонад. Чи хел ки пайғамбарон Ҳабаққуқ ва Ишаъё гуфтанд “Чашмони
Ту он қадар пок аст, ки наметавонӣ ҳароратро бубинӣ” (Ҳабаққуқ 1,13).
“Балки гуноҳҳои шумо дар миёни шумо ва Худои шумо ҷудоӣ андохтааст, ва
хатоҳои шумо рӯи Ӯро аз шумо пӯшидааст, то ки нашнавад.” (Ишаъё 59,2).

James N. Spurgeon wrote:

'A job is at your choice; a ministry is at Christ's call. In a job you expect to receive; in a ministry you expect to give. In a job you give something to get something; in a ministry you return something that has already been given to you. A job depends on your abilities; a ministry depends on your availability to God. A job done well brings you praise; a ministry done well brings honour to Christ.'

This ministry is to bring honour to our Lord and Saviour Jesus Christ!

You can copy and use material of this site provided that you mention our ministry to the Father and you do not alter the content. You are also invited to tell your listeners or readers where you have got this material: www.proword.eu, which is Proclaiming the Word! (CEF International Bible Teaching Ministry).