ProWord
Оё ин саҳифа барои Шумо баракат аст?
Биёед ба Худованд Исо нигоҳ кунем!
Ва ба Сарвар ва Комилкунандаи имони мо, яъне Исо, назар дӯзем, ки
Ӯ ба ҷои шодие ки Ӯро дар пеш буд, ба хорӣ беэътиноӣ намуда, ба салиб
тоб овард ва ба ямини тахти Худо бинишист.
Дар бораи Ӯ фикр кунед, ки аз дасти гуноҳкорон ба чунин хорӣ тоб
овард, то ки шумо дар ҷонҳои худ хаста ва суст нашавед.
(Ибриён 12,2-3).
Агар мо дар ҳаёти худ бартариятҳо (афзалиятҳо) нагузорем, атрофиён ва
муҳит инро мекунанд. Агар ин хел чизҳо рӯй медиҳанд, мумкин нооромӣ ва
ноумедӣ пайдо мешавад.
1. Худованд Исо мақсади худро медонист
Исо ба вай гуфт: ”Имрӯз ба ин хона наҷот омадааст, чунки вай низ писари
Иброҳим аст; зеро ки Писари Одам омадааст, то ки гумшударо пайдо кунад
ва наҷот диҳад.”
(Луқо 19, 9-10).
Зеро Худо Писари Худро ба ҷаҳон барои он нафиристод, ки бар ҷаҳон
довари кунад, балки барои он ки ҷаҳон ба воситаи Ӯ наҷот ёбад. Ҳар ки ба Ӯ
имон оварад, маҳкум намешавад, лекин ҳар ки имон наоварад, аллакай
маҳкум шудааст, чунки ба исми Писари ягонаи Худо имон наовардааст.
(Юҳанно 3, 17-18).
Дар Инҷили Луқо 15, 1-11 мо се чизе ки гумшуда буд мебинем:
Гӯсфанд дар шароити одди гум шуд.
Танга нохост гум шуд.
Писар бо интихоби худ гум шуд.
Пеш аз он ки мо афзалиятҳои худро мегузорем, мо бояд
мақсадамонро донем.
2. Худованд Исо афзалиятҳои Худро мувофиқи мақсадҳои Худ
мегузошт.
Афзалияти якӯм:
Мулоқот бо Падари Худ.
Пагоҳӣ, бармаҳал хеста, берун рафт ва ба хилватгоҳе расида, дар он ҷо дуо
гуфт.
Шимъун ва касоне ки наздаш буданд, аз паи Ӯ шитофтанд;
Чун Ӯро ёфтанд, гуфтанд: “Ҳама туро меҷӯянд.”
Ӯ ба онҳо гуфт: “Ба деҳоту шаҳрҳои наздик биравем, то ки Ман дар он ҷо
низ маъвиза кунам, зеро ки Ман барои ҳамин омадаам.”
(Марқус 1,35-38).
Афзалияти дуюм:
Шогирдсозӣ дар муҳити Ӯ.
Чун дар роҳи сӯи Ерусалим буданд, Исо пешопеши онҳо мерафт, ва онҳо
дар ҳайрат буданд, ва чун аз ақиби Ӯ мерафтанд, ҳаросон мешуданд. Ва Ӯ
он дувоздаҳро назди Худ хонда, боз ба гуфтани он чи ба сараш меояд, оғоз
намуд:” (Марқус 10,32).
Афзалияти сеюм:
Хизмат ба гумшудагон.
Исо ба вай гуфт: “Имрӯз ба ин хона наҷот омадааст, чунки вай низ Писари
Иброҳим аст”. (Луқо 19,9).
3. Худованд Исо афзалиятҳои Худро аз таъсири одамон ҳимоя мекард.
Аз ҳамон вақт Исо ба фаҳмондан ба шогирдони Худ оғоз намуд, ки Ӯ бояд
ба Ерусалим равад ва аз дасти пирон, саркоҳинон ва китобдонон бисёр
азоб кашад, ва кушта шавад, ва пас аз се рӯз эҳё шавад.
Ва Петрус Ӯро ба як сӯ бурда, ба эътироз кардан шурӯъ намуд: ”Ҳошо Туро,
эй Худованд! Ин ба Ту ҳаргиз рӯй нахоҳад дод!”
Аммо Ӯ баргашта ба Петрус гуфт: ”Эй шайтон, аз Ман дур шав! Ту
васвасакоре барои Ман ҳастӣ, зеро ту на дар бораи амру наҳйи Худо, балки
аз чизҳои инсонӣ андеша мекунӣ”. (Матто 16,21-23).
1. Худованд Исо мақсади Худро медонист.
2. Худованд Исо афзалиятҳои Худро мувофиқи мақсади Худ ва дар
асоси мақсади Худ мегузошт.
3. Худованд Исо афзалиятҳои Худро аз таъсири дигар одамон ҳимоя
мекард.
Биёед ба Худованд Исои нигоҳ кунем!
Чеслав Бассара (
This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it
; www.proword.eu)