Оё ин саҳифа барои Шумо баракат аст?



Results

ДАР НАЗДИ ПОЙҲОИ ХУДОВАНД ИСО

1.БАХШИШИ ГУНОҲҲО /Инҷ. Луқо 7:38/
Нигоҳ накарда ба он, ки яке аз фарисиён Худованд Исои Масеҳро ба хонаи
худ даъват кард, вай “назди пойҳои Ӯ нашишт”. Фарисӣ хост ки бо Ӯ назди
суфра шинад, на “назди пойҳои Ӯ”.
Зан бошад, Худованд Исоро ба хонааш даъват накарда буд (эҳтимол вай
хона надошт), аммо вай мушкилии калонтарини худро – гуноҳро медонист.
Зан мефаҳмид, ки мӯҳтоҷи наҷот мебошад. Вай гуноҳҳои худро назди
пойҳои Худованд Исо овард.
ХУДОВАНД ИСО – ХУДОЕ ҲАСТ, КӢ ҲАМАИ ГУНОҲҲОРО МЕБАХШАД!

2. ТАЪЛИМИ ДУРУСТ. /Инҷ. Луқо 10:39/
Марям медонист, ки бояд хақиқатро донад. Апааш Марто Худованд Исоро
ба хонааш ба Байт - Ҳинӣ даъвт кард, аммо Марям “пеши пойҳои Исо
нишаст”. Барои чизеро донистан, бояд бодиққат шудан лозим аст. На Марям
Худованд Исоро ба хона даъват кард, ин дуруст аст, вале ҷои беҳтаринро
барояш, “пеши пойҳои Исо” интихоб кард! Ин буд “қисмати некӯ”. /Инҷ. Луқо
10:42).
ХУДОВАНД ИСО – ХУДОИ ХАҚИҚАТ АСТ, КИ МОРО МЕШИНОСАД ВА
ДӮСТ МЕДОРАД!

3. ТАСАЛЛӢ /Инҷ. Юҳанно 11:32/
Додари Марям вафот кард. Аммо вай на назди қабристон саросема мерафт,
чи хел ки фарисиён дилпурона фикр мекардан. Марям фаҳмид ки бояд на
аз одамон, ки худашон мушкилиҳои зиёд доранд, тасаллӣ интизор шавад.
Вай ҷои дурустро медонист – пеши пойҳои Худованд. Фақат Ӯ метавонад
моро хақиқатан тасаллӣ диҳад. Ғам ва ноумедии Марямро Ӯ ба хурсандӣ
иваз кард.
ХУДОВАНД ИСО – ХУДОЕ, КӢ БАРОИ МО ДАР ВАҚТҲОИ МУШКИЛӢ
ҒАМХОРӢ МЕКУНАД !

4. ҲАЁТИ КӮДАК /Инҷ. Луқо 8:41/
Касалии марговари кӯдакаш маҷбур кард, ки Ёир Исоро кобад. Вай
Худовандро ёфта “пеши пойҳои Исо афтод”. Вай мефаҳмид, ки ҳеҷ каси
дигар кӯдакро зинда карда наметавонад. Мисоли Ёир хақиқатро, ки кӯдакон
бе Худованд Исо рӯҳонӣ мурда ҳастанд, ки онҳо дар гуноҳ мемуранд, тасдиқ
мекунад. Аз ҳама зиёдтар дар ин дунё – зиёдтар аз муҳаббати волидайн,
ҳаво, хона, либос ва хӯрок, кӯдакон мӯҳтоҷи Худованд Исо ҳастанд. Ёир
медонист ғаму - дардашро – касалии марговари фарзандашро, пеши ки
барад.
ХУДОВАНД ИСО – ХУДОЕ, КӢ БА ҲАМАИ КӮДАКОН ҲАЁТ ДОДАН
МЕХОҲАД!

5. ТАШАККУР /Луко 17:16/
Даҳ шахси маҳавӣ аз пеши Исо баромаданд. Ҳар кадомашон муҳаббати
Худоро дар ҳаёти худ чашиданд. Ҳамаи маҳавиён аз касалии худ ва аз марг
наҷот ёфтанд. Акнун ин одамон метавонистанд ба ҳаёти солим баргарданд.
Аммо фақат яке аз онҳо, ки марди сомарӣ буд фаҳмид ба Кӣ бояд ташаккур
гӯяд. Марди сомарӣ баргашта пеши пойҳои Исо рӯй ба замин афтод. Исо
бисёр ҳайрон шуд на аз он, ки фақат яке аз шифоёфтагон баргашт, балки аз
он ки нӯҳ нафари дигар барнагаштанд. Марди сомарӣ дубора шифо ёфт:
ҷисмонӣ ва рӯҳонӣ. Шукргузорӣ рӯҳонӣ буданашро ошкор мекард.
ХУДОВАНД ИСО – ХУДОЕ, КӢ САЗОВОРИ ШУКРГУЗОРИҲОИ МО
МЕБОШАД!

6. ҒАЛАБА БАР ТАРС /Кит. Ваҳӣ 1:17/
Ҳаввории Юҳанно Худованд Исоро дар тамоми ҷалолаш дида, тарсид. Вай
Худованд Исоро медонист вақте ки бо Ӯ дар роҳҳои Фаластин гашта
таълимашро гӯш мекард. Аммо, вақте ки Писари Худоро дар ҷалолаш дид,
нигоҳ накарда ба сину солаш “бар пойҳояш мисли мурда афтод”! Юҳанно
нағз мефаҳмид, ки Исои Масеҳ “Аввалин ва Охирин” аст. Ҳавворӣ бо
хомушиаш нишон медод, ки Худованд Исо бояд гап занад. Ҳаёти Юҳанно
мисоли хеле хуби одаме мебошад, ки барои Худованд Исо зиндагӣ мекунад.
Вай медонист ки ҷои беҳтарин дар дунё – ин ҷой дар назди пойҳои
Худованд Исо мебошад!

ХУДОВАНД ИСО – ХУДОЕ КӢ САЗОВОР АСТ, КИ АЗ МО ҲАЁТ ВАҶАЛОЛРО ҚАБУЛ КУНАД!

James N. Spurgeon wrote:

'A job is at your choice; a ministry is at Christ's call. In a job you expect to receive; in a ministry you expect to give. In a job you give something to get something; in a ministry you return something that has already been given to you. A job depends on your abilities; a ministry depends on your availability to God. A job done well brings you praise; a ministry done well brings honour to Christ.'

This ministry is to bring honour to our Lord and Saviour Jesus Christ!

You can copy and use material of this site provided that you mention our ministry to the Father and you do not alter the content. You are also invited to tell your listeners or readers where you have got this material: www.proword.eu, which is Proclaiming the Word! (CEF International Bible Teaching Ministry).