Оё ин саҳифа барои Шумо баракат аст?



Results

Каломи Худо барои ман чист?


Намунаи суханони солимро, ки аз ман шунидаӣ, бо имон ва муҳаббате ки
дар Исои Масеҳ аст, пайрави намо. (2 Тим. 1,13).

1.Намунаи суханони солимро
Калимаи “намуна” дар 2 Тим. 1,13 маъно дорад “лоиҳаи аввалини меъмор
(бинокор)” Дар саршавиаш калисои аввалин нақшаи аниқи доктринаҳо -
(таълимот) дошт. Аз рӯи ин намуна (стандарт) тамоми таълимот санҷида
мешуд. Тимотиюсро огоҳи дода буданд, ки маълумоти ин намунаро
дигаргун накунад. Агар ӯ итоат намекард, ӯ намунае надошт, ки дар асосаш
ӯ муаллимонро ки ҳамкораш буданд санҷад. Мо, ки дар асри XXI зиндагӣ
мекунем, бояд таълимоти расул Павлусро, ки дар асри I-ӯм ба мо дод,
махкам нигоҳ дорем.
Дар калисои аввалин таълимоти антиномианизм хеле паҳн шуда буд. Ин
таълимот мегуфт ки “мо зери дасти шариат нестем”. Ин таълимот имрӯз ҳам
намурдааст. Имрӯз одамоне ҳастанд ки мегӯянд мо зери файз ҳастем, на
зери дасти шариат. Бо вуҷуди ин тасдиқ мешавад, ки Аҳди Ҷадид-ин
маҷмуаи “ номаҳои муҳаббат”, на рӯйхати хуқуқи мебошад. Баъзеҳо ин
таълимоти “намунаи илоҳиёт”-ро рад мекунанд. Оё ибораи “намунаи
суханони солим” исбот намекунад қонунеро (ба 1Кур.9,21; Ғал.6,2 нигоҳ
кун), ки мо аз рӯи он бояд зиндаги кунем?

2. Матин (устувор) бош!
Дар мурури замон, кори Худоро одамоне иҷро мекарданд, ки дар озмоишҳо
устувор буданд. Онҳо бо осони метавонистанд созиш (компромисс) кунанд.
Аммо онҳо устувор буданд. Расул Павлус яке аз онҳое буд ки созиш накард.
Дар охири ҳаёташ ӯ хост, ки бародари хурдияшро дар Исои Масеҳ -
Тимотиюсро дилбардори кунад. Дар Номаи 1 Тим. 1,11 мо мехонем ки Худо
ба Павлус хазинаи хақиқатҳои рӯҳониро супурдааст. Павлус бошад онҳоро
ба Тимотиюс супорид
(1 Тим.6,20). Мувофиқи 2 Тим. 1,13 акнун Тимотиюс ӯҳдадор буд ки
захираҳои қимматбаҳои хақиқатро нигоҳ дорад ва “пайравӣ намояд”, то
онҳоро ба дигарон супурад (2 Тим. 2,2).

3. Аз ман шунидаӣ
Мо боварӣ дорем ки Рӯҳулқудс ин Рӯҳи ростӣ аст. Ӯ ин хақиқатро ба
Тимотиюс супорид. Мо фақат як Рӯҳулқудс дорем ва мо фақат як хақиқат
дорем, ки аз Ӯ меояд.
Мо ба ду Руҳулқудс бовар намекунем. Ба сабаби ин мо ба ду ё зиёда аз ин
ҳақиқат бовар намекунем. Худо хост ки Руҳулқудсро фиристад, то ки Ӯ ба
мо хақиқатро таълим диҳад. Бе хизмати Рӯҳ мо дар торики ҳаёт мебарем.
Бе ёрии Ӯ мо Каломи Худоро фаҳмида наметавонем. Мо бояд доим дар
таълими Ӯ бошем (Юҳ.16,13). Ӯ ба мо қобилияти саришта кардан ва ба
дигарон расондани ҳақиқатро медиҳад.

4. Бо имон ва муҳаббат
Мо ҳамчунин бояд аҳамият диҳем ба он ки, Тимотиюс ҳақиқатҳоро бо “имон
ва муҳаббат” пешниҳод мекард. Ӯ бояд хақиқатро бо муҳаббат гап мезад,
чунки намунаи Худо инхел аст. Худо ҳеҷ вақт ҳақиқатро бе муҳаббат
намегӯяд. Дар Эфсӯсиён 4,15 гуфта шудааст “дар муҳаббат ростиро баён
намо”. Хеле осон ба баҳсӣ нигоҳ доштани тозагии имон ҷалб шудан. Чи хел
осон ба ҷои баён кардани ҳақиқат ба ”сайёди ҷодугарзан” табдил ёфта,
сабаби мушкилиҳои зиёд шудан. Мазмуни мухтасари хақиқати сафедшавӣ
дар ҳаёти шахси масеҳи ин аст: “ Имон моро хӯҷаин мекунад, вале
муҳаббат моро хизматгор мекунад. Ҳама вақт мақсад ва асоси имон бояд
Исои Масеҳ бошад; яъне, ҷидди гӯем, имон ин калисо ё дигар воситаи
баракат нест.

5. Дар Исои Масеҳ
Сарчашмаи ҳамаи баракатҳои осмони фақат дар Исои Масеҳ мебошад.
Имон - он чизе аст ки ба воситаи он ҷон бо Исои Масеҳи Наҷотдиҳанда
мепайвандад. Ягонагӣ бо Исои Масех ҳаётбахш ва наҷотбахш мебошад.
Мисол “Ва дар Ӯ пайдо шавам, на бо адолати худ, ки аз шариат аст, балки
бо он чи ба воситаи имон ба Масеҳ аст, яъне бо адолате ки аз Худо бар
ҳасби имон аст. (Филипп. 3,9).

Чеслав Бассара ( This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it ; www.proword.eu)

James N. Spurgeon wrote:

'A job is at your choice; a ministry is at Christ's call. In a job you expect to receive; in a ministry you expect to give. In a job you give something to get something; in a ministry you return something that has already been given to you. A job depends on your abilities; a ministry depends on your availability to God. A job done well brings you praise; a ministry done well brings honour to Christ.'

This ministry is to bring honour to our Lord and Saviour Jesus Christ!

You can copy and use material of this site provided that you mention our ministry to the Father and you do not alter the content. You are also invited to tell your listeners or readers where you have got this material: www.proword.eu, which is Proclaiming the Word! (CEF International Bible Teaching Ministry).