ProWord
Оё ин саҳифа барои Шумо баракат аст?
Кӯдакон имрӯз ба кадом хабар мӯҳтоҷи доранд?
1. Онҳо бояд дар бораи Худо шунаванд.Худо сарчашмаи наҷоти мо мебошад. Кӯдакон бояд шунаванд Худо Кист ва
Ӯ чи кор мекунад. Кӯдакон ҷавобгарии худро барои гуноҳ ҳеҷ вақт
намефаҳманд, агар дар бораи Худо маълумоти аниқ надошта бошанд.
Ба ин сабаб мо таълим медиҳем:
- Худо туро офарид (Аъмол 17, 23-29): ту дар пеши Ӯ ҷавобгар ҳасти.
- Худо ба воситаи Библия ба ту гап мезанад (1 Қур. 3-4): ту барои
- Худо Пок ва Одил аст ( Аъмол 17,31): Ӯ бояд туро доварӣ кунад.
- Худо нек аст ва туро дӯст медорад (Юҳ. 3,16): Ӯ наҷотро барои ту
2. Онҳо бояд дар бораи гуноҳ шунаванд.
Таълим дар бораи гуноҳ ба наҷот мӯҳтоҷ буданашонро нишон медиҳад.
Гуноҳ ва оқибатҳои вайро ба онҳо аниқ ва ҷиддӣ фаҳмондан лозим аст. Ба
ин сабаб мо таълим медиҳем:
- Гуноҳи ту зиддӣ Худо содир карда мешавад (Заб. 50.4).
- Ту табиатан гуноҳкор ҳасти (Эф. 2,3) ва аз рӯи амал ( Рум.3,23).
- Аз тарафи Худо ту барои гуноҳат сазовори ҷазо ҳасти (Рум.1.,18).
3. Онҳо бояд дар бораи Исои Масеҳ шунаванд.
Таълим дар бораи Исои Масеҳ ба кӯдакон роҳи ягони наҷотро нишон
медиҳад.Кӯдакон бояд донанд Исои Масеҳ Кист ва чи кор кард. Ба ин сабаб
мо таълим медиҳем:
- Исои Масеҳ- Худо Писар, Наҷотдиҳандаи ягона аст (Аъмол 9,20).
- Ӯ мурд барои ту (Аъмол 2,23.36.38).
- Ӯ барои ту зинда шуд (Аъмол 2,24-32).
- Ӯ барои ту ба Осмон сууд кард (Аъмол2,23-32).
4. Онҳо бояд фаҳманд дар бораи тавба ва имон.
Даъвати кӯдакон пеши Исои Масеҳ қисми муҳими Инҷил мебошад. (Юҳ. 6,37;
Юҳ.1,12). Ба ин сабаб мо таълим медиҳем:
- Исои Масеҳ туро Наздаш даъват мекунад (Матто 11,28).
- Ту бояд аз гуноҳат рӯй гардони (Аъмол 2,38; 20,21).
- Ба ту муҳим ки пурра ба Исои Масеҳ бовар куни ва пурра ба Ӯ итоат
куни (Аъмол 16,31;20,21).
Тавба ва имон ҷавоби пурраи ақл, дил ва ирода ба даъвати Масеҳ аст
(Рум. 6,17).