Оё ин саҳифа барои Шумо баракат аст?



Results

Мо дар вақти ноумедӣ, мӯҳтоҷи рӯҳбаландкунии Худо ҳастем

Ибриён 10,23.35- ҳама фарзандони Худо мӯҳтоҷи рӯҳбаландкунӣ мебошанд!

1.Исҳоқ мӯҳтоҷи рӯҳбаландкунӣ буд: Ман туро дар замини гуруснагӣ
баракат медиҳам!

ВА ХУДОВАНД бар ӯ зоҳир гардида, гуфт: “Ба Миср нарав, балки дар
замине ки ба ту бигӯям, маскан гир. Дар ин замин мусофират кун; ва бо ту
хоҳам буд, ва туро баракат хоҳам дод; зеро ки ба ту ва ба насли ту ҳамаи
ин заминҳоро хоҳам дод, ва қасамеро, ки ба падарат Иброҳим ёд кардаам,
ба ҷо хоҳам овард.” (Ҳастӣ 26,2-3)
(Ҳастӣ 26,12-13).
Вақте ки Исҳоқ дар замине, ки мешишт гуруснагӣ кашид, Худо ба ӯ гуфт, ки
дар ин замин монад ва ба Миср наравад. Худо ба Исҳоқ ваъда дод, ки ӯро
дар ин замин баракат медиҳад. Худо дар ин замин Исҳоқро комёб гардонд.
Исҳоқ дар ин замин кишт кард ва сад маротиба зиёд ҳосил гирифт. Исҳоқро
дар ин замин болобардор кардан ва рӯзе хеле бузург шуд.
Ин хел ҳам дар ҳаётатон Худо метавонад шуморо дар он соҳа, ки шумо бо
мубориза, мушкилиҳо, норасоии чизе ва дард вохӯрдед баракат диҳад.
Шумо метавонед ба васвасае афтед, ки аз ҳолатҳое ки сабаби дард ва
таҳдид мешаванд гурезед.
Худо ваъда медиҳад, ки қувваташро дар тарафи фарзандони Худ ошкор
мекунад, махсус дар он ҷойҳое, ки онҳоро ба танг меоранд ва дар ҷойҳое,
ки онҳо ҷанги рӯҳонӣ доранд.

2. Роҳел : «... ва Худо Роҳелро ба ёд овард!»

Ва Худо Роҳелро ба ёд овард, ва дуои ӯро шунид, ва батни ӯро кушод.»
(Ҳастӣ 30,22)
Роҳел бисёр солҳо бе фарзанд буд, менамуд ки Худо ӯро фаромуш карда
бошад. Дигарон паси ҳамдигар кӯдак таваллуд мекарданд. Менамуд, ки
Роҳел ягона зане буд, ки аз баракати Худо маҳрум буд. Акнун, вақте ки ҳама
чиз он хел менамуд мисле ки Худо ӯро фаромуш кард, Китоби Муқаддас
мегӯяд ки Худо Роҳелро ба ёд овард! Роҳел фаромуш шуда набуд! Худо ӯро
ба ёд овард, дуои ӯро шунавид ва ба ӯ писар дод. Ӯ номашро Юсуф монд.
Фарзанди Роҳел Юсуф нисбати фарзандони дигар бисёр болобардор карда
шуд. Ояндаи Юсуф бисёр хуб буд, ӯ сарвазири Миср шуд. Ҳатто агар
баракати Роҳел дертар омада буд, ин баракат ғайриоддӣ буда нисбати
баракати дигарон беҳтар буд.
Гоҳ вақт ба назарамон чунин менамояд, гӯё Худо моро фаромуш карда
бошад ва одамони дигар аз Ӯ баракат болои баракат мегиранд. Худое, ки
Роҳелро ба ёд овард, албатта моро ҳам ба ёдаш меорад ва ба мо
баракаташро, ки махсус ва арзандаи интизорӣ мебошад, тӯҳфа мекунад.
Мо набояд рӯҳафтода шавем, балки бо умед ва дилпурӣ интизори
баракатҳое бошем, ки Худо барои мо тайёр кард.

3. Яъқуб: « ҳар он чи Лобон бо ту кардааст, дидам.»

... зеро ки ҳар он чи Лобон бо ту кардааст, дидам. (Ҳастӣ 31,12)
Ҳастӣ 31: 6-7,12,41
Вақте ки Яъқуб аз муомилаи нодурусти Лобон 20 сол азоб кашид, Худо ба
Яъқуб гуфт, ки Лобонро монда ба хонаи падараш баргардад. Ӯ ба Яъқуб
гуфт: « ҳар он чи Лобон бо ту кардааст, дидам.» Худованд Яъқубро аз
Лобон халос кард. Лобон солҳои дароз нисбати Яъқуб нодуруст рафтор
карда ӯро фиреб медод, Худо аз ин огоҳ буд. Худо ҳамаи беинсофӣ ва
фишорро ки Яъқуб дошт дид ва акнун вақте расид ки Худо даҳолат карда
дар зиндагии Яъқуб иштирок карда ӯро наҷот дод.
Худо ҳама чизеро ки дар ҳаётамон мо аз сар мегузаронем, ҳамаи дард ва
ҷонканиҳои моро медонад. Мо набояд руҳафтода шавем аз фикре ки Худо
аз ҳамаи дарду азобҳои мо огоҳӣ надорад.
Худо ҳамаи беинсофӣ ва муомилаи бадро ки мо бо онҳо вомеҳӯрем
медонад. Ӯ дар вақташ дохил шуда моро аз дасти золимон, шарирон ва
нобакорон халос мекунад.

4. Илёс: «...роҳи дуре пеши туст.»

Ва худаш дар биёбон роҳи якрӯзаро тай намуд, ва омада, зери дарахти
ратам нишаст, ва ба ҷони худ маргро хоста, гуфт: «Бас аст! Алҳол, эй
Худованд, ҷони маро бигир, зеро ки ман аз падарони худ беҳтар нестам».
Ва зери дарахти ратам ёзида, хобид. Ва инак, фариштае ӯро ламс намуда,
гуфт: «Бархез, бихӯр».
Ва ӯ нигарист, ва инак, назди сараш кулчаи бар лахчаҳо пухташуда ва кӯзаи
об буд. Ва ӯ хӯрд ва нӯшид, ва боз хобид.
Ва фариштаи Худованд бори дуюм омад, ва ӯро ламс намуда гуфт: «
Бархез, бихӯр, зеро ки роҳи дуре пеши туст». ( 3 Подшоҳон 19, 4-7).
3 Подшоҳон 19, 1-7, 15-16; 4 Подшоҳон 2,1,11.
Вақте ки Илёс аз тарафи Изобал таъқиб карда мешуд, ҳаёташ дар хатар
буд ва ӯ хеле ғамгин буда дуо кард, то ки Худо ҷонашро гирад. Ӯ ҳис мекард
ки на зистан, балки мурдан барояш беҳтар аст. Илёс барои ҳаёташ ягон
мақсаде намедид. Ӯ намефаҳмид, ки Худо ҳоло барояш кор дорад. Худо
фариштаи Худро фиристода Илёсро қавӣ гардонд (дилбардорӣ кард).
Фаришта гуфт, ки ӯро роҳи дуре интизор аст. Худо боз дигар вазифаҳои
муҳимро тайёр кард. То ки Илёс онҳоро иҷро кунад. Ӯ бояд ду подшоҳро
барои ду халқ ва Элишоъро ба набигӣ ба ҷои худ тадҳин кунад. Зиёда аз ин,
дар нақшаи Худо буд, ки Илёс маргашро надида, зинда ба зинда бар аробаи
оташин ба осмон бурда шавад. Дар ҳолати ноумедӣ Илёс нақшаи аҷоиби
Худоро барои худ фаҳмида натавонист. Ба ҷои ин ӯ маргро барои худ талаб
кард. Аммо Худо ӯро дилбардорӣ карда, ёрдам дод ки ӯ мақсад ва вазифаи
барояш пешакӣ таъин шударо иҷро кунад.
Баъзан мо дар ночорӣ метавонем рӯҳафтода шуда ба Худо гӯем ки мо
монда шудем, мо дигар мушкили намехоҳем, мо мехоҳем ки Худо моро
гирад. Мо тасаввур карда наметавонем, ки моро роҳи дур интизор аст, ва
Худо барои мо ҳоло кори зиёд дорад.
Худо мехоҳад, ки моро дилбардорӣ кунад, то ки мо пеш рафта, ҳамаи
вазифаҳоро, ки Худо барои иҷро кардани мо дар Малакути Ӯ пешкаш кард,
иҷро кунем.

James N. Spurgeon wrote:

'A job is at your choice; a ministry is at Christ's call. In a job you expect to receive; in a ministry you expect to give. In a job you give something to get something; in a ministry you return something that has already been given to you. A job depends on your abilities; a ministry depends on your availability to God. A job done well brings you praise; a ministry done well brings honour to Christ.'

This ministry is to bring honour to our Lord and Saviour Jesus Christ!

You can copy and use material of this site provided that you mention our ministry to the Father and you do not alter the content. You are also invited to tell your listeners or readers where you have got this material: www.proword.eu, which is Proclaiming the Word! (CEF International Bible Teaching Ministry).