Оё ин саҳифа барои Шумо баракат аст?



Results

Нақшаҳои маъвизаҳо

Барои чи бояд бо Миссияҳо машғул шавем?

Матто 28, 18-20;
Марқус 16,15;
Юҳанно 20,21;
Румиён 10,13-15;
Аъмол 13,2-4.

Маълум аст ки дар мамлакатҳое ки Хабари Хуш расонда намешавад
мӯҳтоҷӣ, ҷинояткорӣ, касалӣ, оилаҳои шикаста, кӯдакони беникоҳ,
чашмгуруснагӣ, коррупсия ва ҷанг зиёдтаранд назар ба онҳое, ки барои
маъвизаи Хабари Хуш озодӣ медиҳанд.
Таърих шаҳодат медиҳад, ки дар давоми 6.000 сол 14.530 ҷанг шуд. Ба
ҳисоби миёна дар як сол 26 ҷанг буд. Нархи ба қатл расондани як аскари
душман барои Сезар (Цезарь) $75, барои Наполеон $3.000 буд. Барои
Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ мо барои ҳар як душмани кушташуда $21000 сарф
кардем. Дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ бошад $2000000.
Дар ҷанги ҳозирзамона нархи ба қатл расондани як аскар $1000000
мебошад.

Read more: Барои чи бояд бо Миссияҳо машғул шавем?

   

Барои чи хизмат барои кӯдакон муҳим аст?

Павлуси хаворӣ дар китоби Румиён 1,16 эълон мекунад ки Инҷил “ қуввати
Худост барои наҷоти ҳар як имондор”. Фармони охиринӣ Исои Масеҳ барои
мо ин буд: «Ба тамоми олам биравед ва Инҷилро ба ҳамаи махлуқот
мавъиза кунед». (Марқус 16,15)

1. Аввалин ва муҳимтарин сабабӣ хизмат барои кӯдакон ин Фармони
Бузурги Худованд Исо мебошад. Масеҳиён наметавонанд ба фармонҳои Ӯ
беаҳамият бошанд ё онҳоро риоя накунанд. Худованд Исо мехоҳад ки
кӯдакон ба наздаш оянд (Марқус 10,14; Матто 18,14). Маънои башоратдиҳии
Навиштаҳо ин аст, ки мо бояд ба ҳама одамон башорат диҳем, ҳамчунин ба
кӯдакон.

2. Кӯдакон мӯҳтоҷиҳои рӯҳонӣ доранд. Бе Худованд Исо онҳо рӯҳонӣ мурда
ҳастанд. Онҳо гуноҳкоранд ва бояд ба Худованд Исо бовар кунанд.

3. Кӯдакон бо дилҳои соддаи худ метавонанд ба Хабари Хуш ҷавоб диҳанд.
Пет Вербал муаллифӣ (автор) кӯдакон ва мушовирӣ (консултант) Тӯри
Байналҳалқии Хизмат барои кӯдакон (International Network of Children’s
Ministry-INCM) мегӯяд, ки 75-85% масеҳиёни имрӯза дар синнӣ то 15 сола
ба Масеҳ имон оварданд.

Read more: Барои чи хизмат барои кӯдакон муҳим аст?

   

Кӯдакон имрӯз ба кадом хабар мӯҳтоҷи доранд?

1. Онҳо бояд дар бораи Худо шунаванд.
Худо сарчашмаи наҷоти мо мебошад. Кӯдакон бояд шунаванд Худо Кист ва
Ӯ чи кор мекунад. Кӯдакон ҷавобгарии худро барои гуноҳ ҳеҷ вақт
намефаҳманд, агар дар бораи Худо маълумоти аниқ надошта бошанд.
Ба ин сабаб мо таълим медиҳем:
  • Худо туро офарид (Аъмол 17, 23-29): ту дар пеши Ӯ ҷавобгар ҳасти.
  • Худо ба воситаи Библия ба ту гап мезанад (1 Қур. 3-4): ту барои
шунавидан ҷавобгарӣ дорӣ
  • Худо Пок ва Одил аст ( Аъмол 17,31): Ӯ бояд туро доварӣ кунад.
  • Худо нек аст ва туро дӯст медорад (Юҳ. 3,16): Ӯ наҷотро барои ту
имконпазир кард.

Read more: Кӯдакон имрӯз ба кадом хабар мӯҳтоҷи доранд?

   

Каломи Худо барои ман чист?


Намунаи суханони солимро, ки аз ман шунидаӣ, бо имон ва муҳаббате ки
дар Исои Масеҳ аст, пайрави намо. (2 Тим. 1,13).

1.Намунаи суханони солимро
Калимаи “намуна” дар 2 Тим. 1,13 маъно дорад “лоиҳаи аввалини меъмор
(бинокор)” Дар саршавиаш калисои аввалин нақшаи аниқи доктринаҳо -
(таълимот) дошт. Аз рӯи ин намуна (стандарт) тамоми таълимот санҷида
мешуд. Тимотиюсро огоҳи дода буданд, ки маълумоти ин намунаро
дигаргун накунад. Агар ӯ итоат намекард, ӯ намунае надошт, ки дар асосаш
ӯ муаллимонро ки ҳамкораш буданд санҷад. Мо, ки дар асри XXI зиндагӣ
мекунем, бояд таълимоти расул Павлусро, ки дар асри I-ӯм ба мо дод,
махкам нигоҳ дорем.
Дар калисои аввалин таълимоти антиномианизм хеле паҳн шуда буд. Ин
таълимот мегуфт ки “мо зери дасти шариат нестем”. Ин таълимот имрӯз ҳам
намурдааст. Имрӯз одамоне ҳастанд ки мегӯянд мо зери файз ҳастем, на
зери дасти шариат. Бо вуҷуди ин тасдиқ мешавад, ки Аҳди Ҷадид-ин
маҷмуаи “ номаҳои муҳаббат”, на рӯйхати хуқуқи мебошад. Баъзеҳо ин
таълимоти “намунаи илоҳиёт”-ро рад мекунанд. Оё ибораи “намунаи
суханони солим” исбот намекунад қонунеро (ба 1Кур.9,21; Ғал.6,2 нигоҳ
кун), ки мо аз рӯи он бояд зиндаги кунем?

Read more: Каломи Худо барои ман чист?

   

Мо дар вақти ноумедӣ, мӯҳтоҷи рӯҳбаландкунии Худо ҳастем

Ибриён 10,23.35- ҳама фарзандони Худо мӯҳтоҷи рӯҳбаландкунӣ мебошанд!

1.Исҳоқ мӯҳтоҷи рӯҳбаландкунӣ буд: Ман туро дар замини гуруснагӣ
баракат медиҳам!

ВА ХУДОВАНД бар ӯ зоҳир гардида, гуфт: “Ба Миср нарав, балки дар
замине ки ба ту бигӯям, маскан гир. Дар ин замин мусофират кун; ва бо ту
хоҳам буд, ва туро баракат хоҳам дод; зеро ки ба ту ва ба насли ту ҳамаи
ин заминҳоро хоҳам дод, ва қасамеро, ки ба падарат Иброҳим ёд кардаам,
ба ҷо хоҳам овард.” (Ҳастӣ 26,2-3)
(Ҳастӣ 26,12-13).
Вақте ки Исҳоқ дар замине, ки мешишт гуруснагӣ кашид, Худо ба ӯ гуфт, ки
дар ин замин монад ва ба Миср наравад. Худо ба Исҳоқ ваъда дод, ки ӯро
дар ин замин баракат медиҳад. Худо дар ин замин Исҳоқро комёб гардонд.
Исҳоқ дар ин замин кишт кард ва сад маротиба зиёд ҳосил гирифт. Исҳоқро
дар ин замин болобардор кардан ва рӯзе хеле бузург шуд.
Ин хел ҳам дар ҳаётатон Худо метавонад шуморо дар он соҳа, ки шумо бо
мубориза, мушкилиҳо, норасоии чизе ва дард вохӯрдед баракат диҳад.
Шумо метавонед ба васвасае афтед, ки аз ҳолатҳое ки сабаби дард ва
таҳдид мешаванд гурезед.
Худо ваъда медиҳад, ки қувваташро дар тарафи фарзандони Худ ошкор
мекунад, махсус дар он ҷойҳое, ки онҳоро ба танг меоранд ва дар ҷойҳое,
ки онҳо ҷанги рӯҳонӣ доранд.

Read more: Мо дар вақти ноумедӣ, мӯҳтоҷи рӯҳбаландкунии Худо ҳастем

   

Page 1 of 13

<< Start < Prev 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Next > End >>

James N. Spurgeon wrote:

'A job is at your choice; a ministry is at Christ's call. In a job you expect to receive; in a ministry you expect to give. In a job you give something to get something; in a ministry you return something that has already been given to you. A job depends on your abilities; a ministry depends on your availability to God. A job done well brings you praise; a ministry done well brings honour to Christ.'

This ministry is to bring honour to our Lord and Saviour Jesus Christ!

You can copy and use material of this site provided that you mention our ministry to the Father and you do not alter the content. You are also invited to tell your listeners or readers where you have got this material: www.proword.eu, which is Proclaiming the Word! (CEF International Bible Teaching Ministry).