Оё ин саҳифа барои Шумо баракат аст?



Results

Нақшаҳои маъвизаҳо

Наҷот ёфтан, то ки хизмат кунанд!

Ҳар кӣ ба ман хизмат мекунад, бояд Маро пайравӣ намояд; ва
ҳар куҷо ки бошам, ҳодими Ман низ онҷо хоҳад буд; ва ҳар кӣ ба
Ман хизмат мекунад, Падар вайро мӯҳтарам хоҳад дошт.
(Юҳанно12,26)

Хизматгорон Худовандро пайравӣ мекунанд: Ҳар кӣ ба ман
хизмат мекунад, бояд Маро пайравӣ намояд...


Худованд Исо рӯйрост мегӯяд, ки хизматгорон Худовандро
пайравӣ мекунанд! Хизматгор ҳеҷ вақт ҳақ надошт ки ба
хӯҷаинаш гӯяд ки чи бояд кард. Масеҳро пайравӣ кардан маънои
роҳбарии Рӯҳулқудсро, интихоби дуруст бо ҳикмати Ӯ, зиндагӣ
барои Ӯ, иҷро кардани он корҳое ки Ӯ аз мо интизор аст дорад!
Хизматгор дар Аҳди Ҷадид бо забони юнонӣ доулос (ғулом)
номида мешавад. Гоҳ вақт он диаконос (дякон, хизматгор)
номида мешавад. Ин дуруст аст чун ки доулос ва диаконос
синонимҳо мебошанд. Ҳар ду калима шахсро дар назар доранд,
ки барои худ хӯҷаин набуда моликияти ба даст овардаи (харида
шудаи ) хӯҷаинаш мебошад. Мо харида шудем то ки ба
мӯҳтоҷиҳои Худованд хизмат кунем.
Кадом вазифаро Худованд Исои Масеҳ ба хизматгоронаш таъин
кард? Чи хел ки худи Масеҳ мегӯяд, агар хоҳи ба Ӯ хизмат куни,
бояд ғуломи ҳамкоронат шуда вазифаро бо хоҳиш иҷро куни,
нигоҳ накарда ба арзишаш, ба беэҳтиромона буданаш, то ки ба
онҳо ёри диҳи.

Read more: Наҷот ёфтан, то ки хизмат кунанд!

   

Шинохтани шахсияти Наҷотдиҳанда. Ӯ кист?

Юҳанно 1,1-3

Худованд Исои Масеҳ кист? Худованд Исои Масеҳ барои ту кист?

Худованд Исо Худованд мебошад ба сабаби офаринияш! (Юҳанно1,1-3, Еф.3,9, Қул.1,16, Ибр.1,1-2).

Роберт Интерсол- агностики машҳур, дар вақти боздиди Генри Вард Бичер
глобуси зебоеро дид, ки ситораҳо ва галаситораҳои осмонро тасвир мекард.
« Ин махсус он чизе мебошад ки ман дар ҷустуҷӯи он будам», - гуфт ӯ бад
аз он ки онро бо диққат нигоҳ кард. “ Онро ки сохт? Онро ки сохт?”-
риёкорона ҳайрон шуда такрор мекард Бичер,- “Полковник, он худ аз худ
пайдо шуд.”
Ӯ қисми офариниш не, Ӯ Офаридгор аст! Ӯ аз зиёди расмҳои Милоди ҳеле
фарқи калон дорад. Ӯ Офаридгор аст, ба сабаби ин Ӯ Худованд аст! Оё Ӯ
Худованди ту ҳам аст?

 

Read more: Шинохтани шахсияти Наҷотдиҳанда. Ӯ кист?

   

Инҷилшиносонии кӯдакона давраи постмодернизм

(1 Вақоеънома 12, 32)

1. Чи фарқияте дорад замоне, ки кӯдакони мо зиндагӣ мекунанд?

Насле, ки дар давраи постмодернизм калон шудааст, гумон мекунад ки “ҳар
нуқтаи назар аз як нуқтаи назар мебарояд” Аз як ҷиҳат ин хақиқатан ин хел
аст. Бисёр вақт мо ба чизҳо аз нутқи назари худ нигоҳ мекунем. Насли
постмодернизм нисбати ратсионализми аналитикии (таҳлилӣ) модернистикӣ
(номи умумии чанд равияҳои санъат ва адабиёти буржуазии охири асри XIX
ва аввали асри XX, ки зуҳуроти таназзули санъати буржуазӣ мебошанд) ва
маълумоти пешина дар бораи дониш ва эътимод (дилпурӣ) дорои
скептитсизми (нобоварӣ равияи фалсафаи идеалистӣ, ки ба идроқи
ҳақиқати объективӣ шақ дорад ) солим мебошад.

2. Се намуди тафаккури фалсафа:

1.Теотсентризм
2.Модернизм
3.Постмодернизм

Read more: Инҷилшиносонии кӯдакона давраи постмодернизм

   

Дуо аз дӯзах (Гадеса)

Луқо 16, 19-31
Яҳудо 22-23
1 Қӯринтиён 16, 15
 
Миссия чист?
 
Миссия ин пурра тақдим кардани худ ба хизмат, то ки дигарон барои фаҳмидани Инҷил имконият дошта бошанд!
 
Оё ман хоҳиш дорам, ки худро ба Худо пурра итоат намоям ва ҳар корро иҷро кунам то одамоне, ки ман бо онҳо вомехӯрам ба дӯзах рафтан нахоҳанд?
 
Миссияи (хизмати) ман чи хел аст?
Оё ман фиристода шудам? Оё ман пурра ҷавобгариро, ки Худо ба ман дод, ба гардан гирифтам?
Ба кадом сабаб масеҳиён дар миссияҳо бояд боғайрат бошанд?
 
1. Ду саволи калон.
 
Саволи одам дар Калом: “магар  ман посбони бародарам ҳастам?” (Хастӣ 4.9)
Мағз Қобил, ки мехост худро сафед кунад, ин саволро дод.
Саволи дуюм: ”Пас ёри ман кист?” (Лука 10, 29).
Шариатдон намедонист, ёраш кист.
Ҳар шахси масеҳӣ бояд ба худ ин ду саволро диҳад. Зиёда аз ин, мо бояд ба саволҳо ҷавоб диҳем.
 

Read more: Дуо аз дӯзах (Гадеса)

   

Биёед ба Худованд Исо нигоҳ кунем!

Ва ба Сарвар ва Комилкунандаи имони мо, яъне Исо, назар дӯзем, ки
Ӯ ба ҷои шодие ки Ӯро дар пеш буд, ба хорӣ беэътиноӣ намуда, ба салиб
тоб овард ва ба ямини тахти Худо бинишист.
Дар бораи Ӯ фикр кунед, ки аз дасти гуноҳкорон ба чунин хорӣ тоб
овард, то ки шумо дар ҷонҳои худ хаста ва суст нашавед.
(Ибриён 12,2-3).
Агар мо дар ҳаёти худ бартариятҳо (афзалиятҳо) нагузорем, атрофиён ва
муҳит инро мекунанд. Агар ин хел чизҳо рӯй медиҳанд, мумкин нооромӣ ва
ноумедӣ пайдо мешавад.

1. Худованд Исо мақсади худро медонист

Исо ба вай гуфт: ”Имрӯз ба ин хона наҷот омадааст, чунки вай низ писари
Иброҳим аст; зеро ки Писари Одам омадааст, то ки гумшударо пайдо кунад
ва наҷот диҳад.”
(Луқо 19, 9-10).
Зеро Худо Писари Худро ба ҷаҳон барои он нафиристод, ки бар ҷаҳон
довари кунад, балки барои он ки ҷаҳон ба воситаи Ӯ наҷот ёбад. Ҳар ки ба Ӯ
имон оварад, маҳкум намешавад, лекин ҳар ки имон наоварад, аллакай
маҳкум шудааст, чунки ба исми Писари ягонаи Худо имон наовардааст.
(Юҳанно 3, 17-18).
Дар Инҷили Луқо 15, 1-11 мо се чизе ки гумшуда буд мебинем:
Гӯсфанд дар шароити одди гум шуд.
Танга нохост гум шуд.
Писар бо интихоби худ гум шуд.
Пеш аз он ки мо афзалиятҳои худро мегузорем, мо бояд
мақсадамонро донем.

Read more: Биёед ба Худованд Исо нигоҳ кунем!

   

Page 3 of 13

<< Start < Prev 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Next > End >>

James N. Spurgeon wrote:

'A job is at your choice; a ministry is at Christ's call. In a job you expect to receive; in a ministry you expect to give. In a job you give something to get something; in a ministry you return something that has already been given to you. A job depends on your abilities; a ministry depends on your availability to God. A job done well brings you praise; a ministry done well brings honour to Christ.'

This ministry is to bring honour to our Lord and Saviour Jesus Christ!

You can copy and use material of this site provided that you mention our ministry to the Father and you do not alter the content. You are also invited to tell your listeners or readers where you have got this material: www.proword.eu, which is Proclaiming the Word! (CEF International Bible Teaching Ministry).