ProWord
Оё ин саҳифа барои Шумо баракат аст?
Нақшаҳои маъвизаҳо
ДАР НАЗДИ ПОЙҲОИ ХУДОВАНД ИСО
1.БАХШИШИ ГУНОҲҲО /Инҷ. Луқо 7:38/
Нигоҳ накарда ба он, ки яке аз фарисиён Худованд Исои Масеҳро ба хонаи
худ даъват кард, вай “назди пойҳои Ӯ нашишт”. Фарисӣ хост ки бо Ӯ назди
суфра шинад, на “назди пойҳои Ӯ”.
Зан бошад, Худованд Исоро ба хонааш даъват накарда буд (эҳтимол вай
хона надошт), аммо вай мушкилии калонтарини худро – гуноҳро медонист.
Зан мефаҳмид, ки мӯҳтоҷи наҷот мебошад. Вай гуноҳҳои худро назди
пойҳои Худованд Исо овард.
ХУДОВАНД ИСО – ХУДОЕ ҲАСТ, КӢ ҲАМАИ ГУНОҲҲОРО МЕБАХШАД!
2. ТАЪЛИМИ ДУРУСТ. /Инҷ. Луқо 10:39/
Марям медонист, ки бояд хақиқатро донад. Апааш Марто Худованд Исоро
ба хонааш ба Байт - Ҳинӣ даъвт кард, аммо Марям “пеши пойҳои Исо
нишаст”. Барои чизеро донистан, бояд бодиққат шудан лозим аст. На Марям
Худованд Исоро ба хона даъват кард, ин дуруст аст, вале ҷои беҳтаринро
барояш, “пеши пойҳои Исо” интихоб кард! Ин буд “қисмати некӯ”. /Инҷ. Луқо
10:42).
ХУДОВАНД ИСО – ХУДОИ ХАҚИҚАТ АСТ, КИ МОРО МЕШИНОСАД ВА
ДӮСТ МЕДОРАД!
Page 5 of 13
<< Start < Prev 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Next > End >>