Оё ин саҳифа барои Шумо баракат аст?



Results

Хурсандӣ аз иҷро кардани хости Худои нек

Луқо 12, 32

Луқо мисли Матто, Петрус ва Яъқуб имконияти бо Худованд гаштан ва гап
заданро надошт. Ӯ духтуре буд, ки Инҷилро фаҳмида, қарор кард ки ба Худо
итоат мекунад ва навишт он ҳикояро ки дар бораи Писари Худо шунида буд.
Ӯ намояндаи будпарастон буд ва ҳикояи Инҷилро инхел навишт, ки ҳар
шахси ғайрияҳудӣ онро фаҳмида тавонад.

Барои чи Исо гуфт: “Натарс, эй рамаи хурд!”?

Ҳазорҳо одамон меомаданд то ки фаҳманд, хӯранд ва шифо ёбанд. Фақат
баъзеҳо ба Малакут дохил мешаванд. Ӯ онҳоро “рамаи хурд” номид.

Оё Худо барои мо ва фарзандони мо хурсанд мешавад?

Шахсоне, кӣ аз они подшоҳии Ӯ ҳастанд, ба Ӯ бовар мекунанд.
Мо бо имони худ Худоро хурсанд мекунем. Ибриён 11,6: “Аммо бе имон ба
назари Худо писанд омадан мумкин нест...”.
Румиён 8,8: “Бинобар ин онҳое ки ба ҳасби ҷисм зиндагӣ мекунанд, ба Худо
писанд афтода наметавонанд”. Онҳое ки мехоҳанд ба Худо писанд оянд ба
Исо ва ба зебоии Қудсияти Ӯ бовар мекунанд. Онҳое ки мехоҳанд ба Худо
писанд оянд пеш аз ҳама Малакути Худо ва адолати Ӯро мекобанд. Онҳое
ки мехоҳанд ба Худо писанд оянд мехоҳанд ба Ӯ бовар кунанд.

Шахсоне, кӣ аз они подшоҳии Ӯ ҳастанд, Ӯро ҷалол медиҳанд.
Довуд дар Забур, таронаи 68, 31-32 эълон мекунад «Исми Худоро бо суруд
мадҳ хоҳам кард; ва Ӯро ба шукрона такбир хоҳам гуфт. Ва ин ба Худованд
писанд хоҳад омад, бештар аз гов ва гӯсолае ки дорои шохҳо ва сумҳост.»
Дигар хел карда гӯем, ба Худо писанд меоянд онҳое, ки Ӯро ҷалол додан
мехоҳанд. Хоҳиши мо Ӯро бо сурудҳо ҷалол додан ва ҳаётро ба Ӯ супурдан,
ин зиёдтар аз иҷро кардани маросимҳои расмӣ (рӯякӣ) ва риояи тартибу
интизом.
Пеш аз ба салиб рафтан Исо барои Худо тарона хонд. Навиштаҳо мегӯянд
«Ва ҳамду сано хонда, ба сӯи кӯҳи Зайтун равона шудаанд». (Матто 26,30).
Дар Китоби Муқаддас одамоне ки ба Худо ҷалол (таъриф) мехонанд зиёда
аз 25 бор номбар карда мешаванд. Худо ба ҷалол гуфтани онҳое, ки
барояш сурудҳои шукрона мехонанд, хурсанд мешавад.
Шахсоне, кӣ аз они подшоҳии Ӯ ҳастанд, Ӯро мавъиза мекунанд.

Агар мо мехоҳем ба Ӯ писанд оем, мо бояд Масеҳро мавъиза кунем.

Мо наметавонем дар вақти мавъизаи Инҷил ба одамон гӯем фақат он чиро, ки
онҳо фаҳмидан мехоҳанд. (1 Қур.1,21; Ғал.1,10)
Мо бояд хоҳиш дошта бошем, ки ба монанди Масеҳ гап занем, “...ҳеҷ
амалро аз Худам намекунам, балки он чиро, ки Падарам ба ман таълим дод,
мегӯям”. (Юҳанно 8,29, Рум.15,3). Чи хел атои аҷоиб – донистани он ки мо
барояш қимматбаҳо ҳастем ва Ӯ бо хурсандӣ Малакути Худоро ба мо
мебахшад.
Зеро ки Малакути Худо на дар сухан, балки дар қувват аст.
(1 Қур.4,20).
1. Қуввати таъминоти Ӯ: Худо ҳар рӯз ба мо нон (Матто 6,11), оби зинда
(Юҳанно 4,14), оромӣ ва тасаллӣ (Матто11,28) медиҳад.
2. Қуввати ҳимояи Ӯ: Худо ба фариштагонаш амр дод ки моро нигаҳдорӣ
кунанд (Забур 90,11-13).
3. Қуввати ваъдаҳои Ӯ: Худо ба мо Каломи Худро медиҳад (Забур 106,20).

James N. Spurgeon wrote:

'A job is at your choice; a ministry is at Christ's call. In a job you expect to receive; in a ministry you expect to give. In a job you give something to get something; in a ministry you return something that has already been given to you. A job depends on your abilities; a ministry depends on your availability to God. A job done well brings you praise; a ministry done well brings honour to Christ.'

This ministry is to bring honour to our Lord and Saviour Jesus Christ!

You can copy and use material of this site provided that you mention our ministry to the Father and you do not alter the content. You are also invited to tell your listeners or readers where you have got this material: www.proword.eu, which is Proclaiming the Word! (CEF International Bible Teaching Ministry).